А
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии иқтисодиёти Тоҷикистон, рушди низоми бонкӣ ва молиявӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбари намояндагии иқтисодии Олмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Эдуард Кинсбруннер қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Мусоҳибон ҳамзамон самтҳои афзалиятноки густариши…
А
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи «Раванди Ақаба» таҳти унвони «Амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. «Мо кишвари Шуморо аз шарикони муҳими худ дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом медонем»-изҳор доштанд…
А
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи моддаи 13-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самарабахши онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Маҳз ин меъёри олии конститутсионӣ масъулияти мо – кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро чанд баробар зиёд мекунад. Ин матлабро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва…
А
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи “Раванди Ақаба” оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки нишасти имрӯза, ки дар шароити рушди босуръати фанновариҳои рақамӣ, бахусус зеҳни сунъӣ мегузарад, рӯйдоди саривақтӣ ва муҳим мебошад. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки пешрафти…
А
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сармураббиёни дастаҳои мунтахаби мамлакат оид ба фаъолияти анҷомдода ҳисобот пешниҳод карданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, директори техникӣ Увайдо Давлатбеков, раиси Шурои мураббиён Салоҳиддин Ғафуров, директорони лигаҳои гуногуни футбол, роҳбари раёсати…
А
ДУШАНБЕ, 06.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия бахшида ба 32-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Дар конференсия Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз бузургтарин…
А
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм–фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияҳои гуногун ғолиби озмун гардиданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» донишҷӯи курси сеюми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот Ҳусейн Абдуллозода сазовори ҷойи якум, докторанти PhD-и кафедраи системаҳои автоматикунонидаи идоракунӣ…
А
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа нақши бунёдӣ дорад. Имсол ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Оид ба масоили экологӣ, тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар Конститутсия мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика…
А
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк (NYC Marathon 2026) иштирок намуда, масофаи 42,2 километрро дар 2 соату 59 дақиқа тай кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд. Фатҳулло Одинаев ҳамчун ягона намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур ба марра расида, Парчами давлатии мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Иштироки муваффақонаи варзишгари тоҷик дар…
А
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин роҳнамои асосии рушди давлату ҷомеа ба шумор меравад. Он на танҳо маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки шиносномаи давлат, ифодагари иродаи халқ ва рамзи соҳибихтиёриву мустақилияти миллӣ мебошад. –Барои миллати куҳанбунёди тоҷик қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ ва саҳифаи нав дар таърихи давлатдории миллӣ ба ҳисоб…
А
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ғолибони даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» қадршиносӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» донишҷӯи курси дуюми факултети химия ва биология Дилшодҷони Шоҳмурод дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» таҳти роҳбарии…
А
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 даромади Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 152,2 фоизро ташкил додааст. Дар ин давра муросилоти содиротӣ 103 фоиз, муросилоти воридотӣ 136,5 фоиз ва муросилоти почтаи фаврии содиротию воридотӣ 103 фоизро ташкил додаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин корхона хабар доданд. Иттилоъ дода шуд, ки обуна ба нашрияҳои даврӣ 108,5 фоиз, ирсоли маблағҳои дохилӣ 103 фоиз ва ирсоли маблағҳои…
А
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира гардидааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд. Барои фасли зимистон 60…
А
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалии «Нақши фарҳанг ва санъат дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд. Зимни конференсия иброз, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ робитаҳои бисёрҷонибаи тоҷикон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи ҳамкории байналмилалӣ ва муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои гуногуни…
А
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия (бо қароргоҳ дар Берлин) Имомудин Сатторов бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чехия таҳсил ва фаъолият доранд, мулоқот намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар вохӯрӣ дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар ва дурнамои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуданд. Сафир ҳамзамон дар бораи ҳадафҳои стратегии…
А
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст, ки замини онҳо 127 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Замини гармхонаҳо 127 гектар буда, дар 57,2 гектар помидор, 28,1 гектар бодиринг ва 23,1 гектар дигар намудҳои сабзавот кишт гардидааст. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ин гармхонаҳо 3865 тонна сабзавот ва 793 тонна…
А
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд як иншооти муҳими хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодомро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Нахуст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази савдо ва хизматрасонии Суғд Молл ба фаъолият оғоз намуд. Дар иншоот бо мақсади ташкили фурӯши молу маҳсулот мағозаю нуқтаҳои савдо…
А
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд. Дар корхона 5 хатти технологӣ насб гардида, зарфҳои пластикӣ ва афшураҳои мевагию обҳои ташнагишикан истеҳсол мешавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарё аз ҷониби бародарони соҳибкор Каримзодаҳо…
А
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Ҷайҳун дар 2 ҳазору 102 гектар сабзӣ кишт карда шудааст, ки айни замон ҷамъоварии ҳосили он идома дорад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Сабзӣ яке аз маҳсулоти асосии истеъмолии аҳолӣ маҳсуб меёбад ва талаботи бозор ба он ҳамеша баланд аст. Маҳз ҳамин омил боиси он гардидааст, ки парвариши сабзӣ дар сатҳи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад. Дар ноҳия сабзӣ асосан ҳамчун кишти такрорӣ парвариш карда мешавад.…
А
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти маъмурӣ соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯст ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо тарҳи зебо…
А
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 октябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Сулаймон Султонзода иштирок намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар…
А
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон муҳтарам Дунягозел Гулманова, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои…
А
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.Масъалаи густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии ноиби президенти БАТР Маттео Патроне дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар мулоқот ҷонибҳо таҳкими низоми молиявию бонкӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши…
А
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» баргузор гардид. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун «Диплом»—у «Сипоснома»-ҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин академия. Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи…
А
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд. Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки «мо ба муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии худ бо Туркманистон аҳаммияти махсус медиҳем. Давлатҳои моро…
А
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт. Конфронс бахшида ба 20-солагии таъсиси Маркази синошиносӣ доир гардида, нақши он дар омӯзиши афкор ва таълимоти Ибни Сино дар замони бархурди тамаддунҳо муҳим ва зарурӣ арзёбӣ гардид. «Нақши Маркази синошиносӣ дар…
А
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 14 октябри соли равон намояндагони воситаҳои ахбори омма дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии заминҳои осебдида, рушди соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии деҳот шинос шуданд. Ҳадафи асосии сафари матбуотӣ муаррифии ташаббусҳои амалишуда, омӯзиши таҷрибаи маҳаллӣ ва нишон додани саҳми лоиҳаҳо дар…
А
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 709,3 ҳазор тонна маҳсулоти меваҷот ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба миқдори 6,5 ҳазор тонна ё 0,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли зардолу дар ин давра 115,1 ҳазор тонна кам гардид. Олимони соҳаи кишоварзӣ иброз намуданд, ки омили асосии коҳиш ёфтани ҳосилнокӣ ин тағйирёбии иқлим ва номусоиди обу ҳаво мебошад. Паст шудани ҳарорати ҳаво дар моҳҳои март ва апрел ба давраи…
А
ДУШАНБЕ,28.10.2026/АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони мақомоти гумрук, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва такмили расмиёти гумрукӣ бунёд гардидааст. Дидбонгоҳ бо шароити муосири корӣ таъмин буда, ба низоми иттилоотии байналмилалии…
А
Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақомоти ваколатдор) ва ташкилотҳои харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешаванд, даъват менамоянд: МАТНИ ПУРРА ш. Душанбе 28.10.2026