А
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ медиҳад. Бинои навсоз дуошёна буда, барои 600 хонанда пешбинӣ гардидааст. Ин иншооти муосир бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш ва зиёд намудани ҷойи нишасти хонандагон бунёд мегардад. Дар…
А
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов 22 октябр дар брифинги дуюми Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб доир ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2026 иштирок намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар ҳамоиш роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои минтақавию байналмилалии муқим ширкат варзида,…
А
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Хатлон ҳамкории байниминтақавиро бо субъектҳои Федератсияи Русия фаъолона рушд дода, иқтидори иқтисодӣ ва гуманитарии худро бо вилояти Пенза дар доираи созишномаи нави ҳамкорӣ густариш медиҳад. Дар ин хусус 22 октябр зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо муовини раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Пензаи Федератсияи Русия Сергей Мельников иттилоъ дода шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд,…
А
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон масъалаҳои марбут ба раванди навсозии варзишгоҳи марказии ноҳия, беҳтар намудани шароити машқу тамрин ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад. Бо ин мақсад раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин бо ҳолати имрӯзаи варзишгоҳи марказии ноҳия шинос шуда, барои навсозии ин иншооти муҳими варзишӣ андешидани тадбирҳои саривақтиро муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид карда…
А
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Баҳорро ифтитоҳ намуданд. Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори содиротии хоҷагӣ то охири соли 2026 то 300 тонна моҳиро ташкил медиҳад ва дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми он ба 1000 тонна дар як сол расонда шавад. То имрӯз ширкати ватании Баҳор…
А
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд. Нахуст Роҳбари давлат ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли шишаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз бо 30 ҷойи корӣ дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов расман оғоз бахшиданд. Ду иншооти дигари саноатии фосилавӣ ифтитоҳшуда корхонаи дӯзандагии ҷамъияти дорои…
А
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо хунук шудани ҳаво сокинони деҳот ва минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ барои гарм кардани хонаҳояшон аз ангишт истифода мебаранд. Барои аксар сокинони мамлакат ангишт яке аз воситаҳои дастрас ва маъмул барои гармидиҳӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ангишт метавонад дар фасли сармо дар хонаҳои сокинон гармиро хуб таъмин кунад, вале истифодаи нодуруст ва беэҳтиётонаи он оқибатҳои хеле хатарнок дар пай дорад. Мутаассифона, баъзе сокинон ба қоидаҳои дуруст истифода…
А
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии Алянс мебелро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи нави саноатӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шамсулло Саъдуллозода дар ҳудуди минтақаи саноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот…
А
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов роҳгардӣ ва машқи умумии пагоҳирӯзӣ таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» баргузор гардид. Чорабинӣ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатии аҳолӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ равона шуда, дар заминаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар…
А
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026», ки 22-23 октябри соли 2026 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар баргузор гардид, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Музаффарӣ мулоқот намуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масъалаҳои ба роҳ…
А
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор гардид. «Шоҳҷоиза» ба коргардонҳо Файзулло Файз ва Дилмурод Масаидов барои таҳияи филми таърихии муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон – «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дода шуд. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, зимни маросими ҷоизасупорӣ синамогарон аз Узбекистон,…
А
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар оғози вохӯрӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди муносибатҳои…
А
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 октябр шаҳри Душанбе–пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи 25-уми Шурои раисони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Ҷаласаи 25-уми Шурои раисони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои соли 2026 маҳсуб мешавад. Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои…
А
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе то 26 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12 дараҷа гарм,…
А
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.2351 сомонӣ; 1 евро — 10.3664 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1116 сомонӣ. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ; 1 евро аз 10.3500 то 10.4500 сомонӣ; 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1135 сомонӣ. Бонки миллии…
А
20 октябри соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт бахшида ба 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. *** 16 сол пеш, 20 октябри соли 2010 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиман масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид. *** Дар ин…
А
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи…
А
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Исҳоқ Дор, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ,…
А
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии стандартизатсия Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд. Ёддошти тафоҳум 18 октябр дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян…
А
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо расонаҳои хабарӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ анъанаҳои ниёгон ва гуногунрангии таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва фаротар аз минтақа ба таври васеъ муаррифӣ гардиданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд, расонаҳои хабарӣ ва воситаҳои ахбори оммаи…
А
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нахустин семинари стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея» машғулияти академӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд. Ҳадафи асосии машғулият баррасии ҳамаҷонибаи натиҷаҳои амалии сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба…
А
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд. Дар ҷаласа масъалаи такмили лоиҳаи ниҳоии қонун мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон пешниҳодҳои худро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани мазмуну муҳтавои он баён намуданд. Директори Агентии ҳифзи мероси…
А
16.10.2026, Арманистон Муҳтарам ҷаноби Сарвазир Никол Воваевич Пашинян, Муҳтарам Дабири кули Созмони Милал ҷаноби Антониу Гутерриш, Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, Муҳтарам роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ва Котиботи Конвенсияи Созмони Милал оид ба гуногунии биологӣ барои ташкили ин Саммит ва фароҳам овардани имконияти баррасии яке аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намоям. Ҳифзи гуногунии биологӣ…
А
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарияти Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва (МТУСИ) ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия. Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи илму маориф, беҳтарсозии шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик, инчунин таҳкими робитаҳо байни…
А
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» нишасти матбуотӣ ва Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории муштараки киносозон ва продюсерон» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок дар озмуни имсола беш аз 100 филм, ки дар солҳои 2024–2026 таҳия гардидаанд пешниҳод шуд. Комиссияи интихоби филмҳо барои иштирок дар озмун 7 филми бадеии пурра, 6 филми бадеии…
А
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 сентябр то 2 октябри соли равон мутахасисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти ширкати пешбари инноватсионии тухмипарварии Чин- Xinjiang Jinghua Seed Industry Co., Ltd. (дар ҳайати корпоратсияи Longping High-tech) шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ассотсиатсияи пахта ва нассоҷии Тоҷикистон. Ҳадафи асосии сафар омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ бо ин ширкат буда, дар ҳайат намояндагони…
А
Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақомоти ваколатдор) ва ташкилотҳои харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешаванд, даъват менамоянд: МАТНИ ПУРРА ш. Душанбе 16.10.2026
А
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо» баргузор гардид. Дар кори он забоншиносону муҳақиқони зиёда аз даҳ давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Дар анҷуман…
А
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо», ки аз 15 то 17 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки забоншиносони кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад, меҳмонон ва иштирокчиёни анҷуман аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ. Меҳмонон сараввал бо фаъолияти осорхона ва нақши он дар ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик…
А
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Таиланд дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ҷаласаи кишварҳои аъзои электорати ин ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ баргузор шуданд, ки дар он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуданд. Тибқи иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар ҷаласа масъалаҳои рушди минбаъдаи фаъолияти электорат ва…