А
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба 9 забон – русӣ, англисӣ, чинӣ, куриёӣ, ҳиндӣ, фаронсавӣ, арабӣ, олмонӣ ва узбекӣ тарҷума ва нашр гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд. Иттилоъ дода шуд, ки тарҷумаи асар соли 2022 оғоз гардида, аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ ҷилди аввали…
А
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тарҷума ва нашри асарҳои мондагори халқи тоҷик ба забонҳои илмии ҷаҳон рукни муҳимми дипломатияи фарҳангӣ ба шумор меравад. Ин иқдом ба шинохти бештари таъриху тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва тақвияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз…
А
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ, ки барои иштирок дар чорабиниҳои иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон омадаанд, мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар додааст. Дар ҳайати роҳбарони парлумонҳо — иштирокчиёни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон…
А
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Душанбе чорабинӣ бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳуми панҷсолаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки Ёддошти тафоҳуми мазкур имконияти муҳим фароҳам меорад, то хизматрасониҳои тандурустӣ беҳтар…
А
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Президент, раиси Созмони барнома ва буҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидҳамид Пурмуҳаммадӣ мулоқот намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо зарурати…
А
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи осорхонашиносӣ ва бостоншиносӣ, аз ҷумла ташкил ва баргузории экспедитсияҳои муштараки бостоншиносӣ, анҷом додани ковишҳои илмӣ дар ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ва истифодаи таҷрибаи пешқадами мутахассисони кореягӣ зимни вохӯрии директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва намояндагони Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд. Вохӯрӣ дар доираи…
А
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, табодули таҷриба ва истифодаи технологияҳои рақамӣ 18 ноябр дар Узбекистон зимни мулоқоти роҳбарияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иҷро хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҳамзамон ба омӯзиши таҷрибаи ҷониби Узбекистон дар самти…
А
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар миллат арзишҳое мавҷуданд, ки аз доираи як давру замон фаротар рафта, ба рамзи ҳастӣ, худшиносӣ ва сарбаландии он табдил меёбанд. Барои миллати тоҷик, ки давоми ҳазорсолаҳо бо фарҳанги ғанӣ, тамаддуни бостонӣ ва анъанаҳои давлатдории худ шинохта шудааст, Парчами давлатӣ аз ҷумлаи чунин арзишҳои муқаддас ба шумор меравад. Он таҷассумгари истиқлоли давлатӣ, нишони соҳибихтиёрӣ, ифодагари ваҳдати миллӣ ва рамзи шарафу ифтихори ҳар фарди ватандӯст…
А
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва (МТУСИ) бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ ва намоиши театрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти соҳавии Федератсияи Русия, корпуси дипломатии муқими шаҳри Москва, доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону…
А
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории молиявии байналмилалӣ, таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои байналмилалӣ ва таҳкими инфрасохтори интиқоли асъори нақдӣ 18 ноябр зимни вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори иҷроияи Муассисаи молиявии амрикоии «Numisma Bank» Вивек Тияги мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба имконияти истифодаи иқтидори ин муассиса дар…
А
ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рушди босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ ва афзоиши истифодаи моделҳои калони зеҳни сунъӣ боиси зиёд гардидани талабот ба инфрасохтори ҳисоббарорӣ ва дар навбати худ афзоиши истеъмоли неруи барқ мегардад. Агар то соли 2020, пеш аз густариши васеи технологияҳои муосири зеҳни сунъӣ истеъмоли неруи барқи як рафи серверӣ тақрибан 13 киловаттро ташкил медод, имрӯз бо истифода аз коркардкунандаҳо ва чипҳои пуриқтидори махсус барои иҷрои вазифаҳои зеҳни сунъӣ ин…
А
ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз лимӯпарварӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ табдил ёфта, даромади устувор ва талаботи зиёди аҳолӣ ба ин меваи гармидӯст боис гардидааст, ки шумораи хоҷагиҳои лимӯпарвар дар мамлакат сол ба сол зиёд шавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иттилоъ доданд, Хоҷагии деҳқонии «Мурод»-и Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳия яке аз хоҷагиҳои лимӯпарвар маҳсуб мешавад. Дар хоҷагӣ дар 1 гектар гармхонаи доимамалкунанда бунёд…
А
ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар деҳаи Марғедари деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи навбунёд ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ низ пешбинӣ гардидааст. Баъди ба истифода додани он 10…
А
ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои шинонидани ниҳол интихоби дурусти навъ, замин ва нуриҳои минералӣ яке аз қоидаҳои асосӣ дониста мешавад. Инчунин ҳар ниҳол ба минтақаи хоси иқлимӣ ниёз дорад, аз ин рӯ, шароити маҳалро низ бояд ба назар гирифт. Беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда — охири моҳи ноябр ва давоми моҳҳои декабру январ аст. Зеро дар ин муддат ниҳол дар ҳолати оромии биологӣ қарор доранд. Чунин тавсия медиҳад доктори илмҳои кишоварзӣ…
А
ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ситоди корӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, дар кори ситод роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулони соҳаҳои хоҷагии халқ ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд. Дар ҷаласа омодагии ҳамаҷонибаи сохторҳои дахлдор ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027, пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва вокуниши фаврӣ ба…
А
ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи декабр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии саноати ангишти Тоҷикистон баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин форум нахустин маротиба дар мамлакат доир мегардад. Ҳадафи баргузории он рушди саноати ангишт, ҷалби сармоя, истифодаи технологияҳои муосир ва баррасии захираҳои ангишти кишвар мебошад. Тибқи иттилои Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии…
А
ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли зимистон барои гарм нигоҳ доштани бадан ва мустаҳкам кардани масуният истеъмоли ғизоҳои гарм, серғизо ва нӯшокиҳои аз витамин бой бештар муфид аст. Дар рӯзҳои сард ҷисми инсон барои нигоҳ доштани ҳарорати худ неруи зиёд сарф мекунад, бинобар ин дар ин рӯзҳо ғизо аҳамияти калон дорад. Дастархони миллии тоҷикӣ аз таомҳои серғизо ва гармкунанда бой аст, аммо дар зимистон онҳоро бояд бо риояи меъёр ва қоидаҳои дурусти ҳазм истеъмол намуд. Шӯрбои миллӣ…
А
ШАҲРИНАВ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорони ноҳияи Шаҳринав дар минтақаи Ҳисор аввалин шуда, нақшаи ҷамъоварии пахтаро 187,4 фоиз иҷро намуданд. Тибқи маълумоти фаврии то 10 ноябр, пахтакорони ноҳия 749,6 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Корҳои саҳроӣ дар ноҳия то чидани пахтаи охирин идома меёбанд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ медиҳад. Соли 2026 кишоварзони ноҳияи Шаҳринав дар 345 гектар чигит…
А
ДУШАНБЕ, 15.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдодҳое мавҷуданд, ки на танҳо ҷараёни рушди давлат ва ҷомеаро муайян намудаанд, балки барои таъмини ояндаи миллат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи низоми давлатдорӣ аҳаммияти сарнавиштсоз доранд. Яке аз чунин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. — Иҷлосияи мазкур дар марҳилаи…
А
ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дуои Модар-неруи мо, ҳифзи Ватан-қарзи мо» Рӯзи дарҳои кушод ва мулоқоти донишҷӯён бо сарбозону афсарон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад. Чорабинии мазкур дар доираи Нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати мудофиа ва Кумита оид…
А
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд. Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия пазироӣ карданд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок…
А
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати 15-уми ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шаш медали ифтихорӣ — ду тилло, як нуқра ва се биринҷӣ ба даст овард. Дар рӯзи охирини мусобиқа варзишгари шинохтаи тоҷик Ҳақназар Назаров қаҳрамони ҷаҳон шуд ва Саидҷамол Алимардонов нишони биринҷӣ ба даст овард. Баъди ба даст овардани чор медал дар рӯзи якуми мусобиқа паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охирини ин рақобатҳо боз ду медал – як тилло ва як…
А
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр кишоварзони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта мужда доданд. Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ бо «Сипоснома» ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, пахтакорони ноҳия беш аз 18 ҳазору 500 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои коркард супориданд. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 9 ноябр дар вилояти Хатлон 177 ҳазору 263 тонна пахта…
А
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кунунии инфрасохтори энергетикӣ, баррасии сатҳи омодагии иншооти барқӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 ва таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди шабакаҳои барқӣ дар мавсими сармо раиси ноҳияи Спитамен аз якчанд зеристгоҳи барқии шабакаҳои барқи ноҳия боздид намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен иттилоъ медиҳад. Зимни боздид раиси ноҳия бо вазъи техникии…
А
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, омодагиро ба Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026», ки 14-19 ноябр дар шаҳри Сисакети Таиланд баргузор мешавад, шуруъ намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, машқҳои дастаи мунтахаб дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуданд. То сафар ба Таиланд, ки 11 ноябр дар назар аст, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боз як тамрини дигарро…
А
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи саноат барои солҳои 2027 ба имзо расонида шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, нақшаи чорабиниҳо…
А
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити муосир, ки шаклу усулҳои ҷинояткорӣ пайваста тағйир меёбанд, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, азхуд намудани технологияҳои муосир, такмили роҳҳои омода кардани кадрҳо, донистани забонҳои хориҷӣ ва мубодилаи саривақтии иттилоот аҳамияти махсус пайдо мекунад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Душанбе. Сарвари давлат…
А
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи «The Times Kuwait», ки муҳимтарин нашрияи англисизабони Кувайт мебошад, дар шумораи худ аз 15 ноябри 2026 матлаберо зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» (“Tajikistan: Mountain Lakes, Ancient Stories and a Warm Welcome) мунташир кардааст. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, матлаби мазкур ба муаррифии ҷозибаҳои табиӣ, мероси таърихию фарҳангӣ, зарфияти…
А
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода иброз дошт, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд нишонаи эътимод ва имконияти муҳим барои идомаи муколамаи созандаву густариши ҳамкории судманд дар соҳаи…
А
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Форум бо мақсади баррасии нақши ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори…